Филиали бонки «Тиҷорат»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ш. Душанбе, ҳамчун филиали бонки хориҷӣ таҳти рақами БМТ №0000311 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Филиали бонки «Тиҷорат»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ш. Душанбе ягона филиали бонки хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сармояи ойномавиаш дар санаи таъсисёбиаш маблаги 5500000 доллари ИМА-ро (16409725 -сомонӣ) ташкил медод. Аз оғози фаъолият то ба ҳол бо бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ ва хориҷӣ ҳамкории пурсамар дорад. Филиал дар тӯли фаъолияти зиёда аз 23-солаи худ ҳамеша барои рушди иқтисодиёт, инфрасохтор, соњибкории инфиродӣ ва истеъмолот саҳми арзанда гузоштааст ва минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ин росто мавқеи устувор дошта бошад.